Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як осебдида худро дар назди манзили Гелонӣ оташ зад


Муҳаммадакрами 30-сола, як марди бекори соҳиби 5 фарзанд, ки манзилашро дар обхезиҳои ахири Покистон аз даст дода буд, худро дар шаҳри Мултон дар рӯбарӯи манзили сарвазир Юсуфризо Гелонӣ оташ задааст. Ӯ аз шаҳри Ҷампур, 60-километрии Мултон буд, ки аз обхезиҳои ахир сахт осеб дидааст. Муҳаммадосиф, бародари ӯ гуфт, ки Муҳаммадакрам чандин моҳ дар ҷустуҷӯи ҷои кор буд.
Гелонӣ дар як баёния аз ин ҳодисаи, ба гуфтаи ӯ, пурмусибат изҳори таассуф ва андӯҳ кардааст.
XS
SM
MD
LG