Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз як ҳамлаи маргталабона дар Порис


Дар пайи ҳушдори хадамоти иктишофии Алҷазоир дар бораи эҳтимоли анҷом шудани як бомбгузории интиҳорӣ дар Порис, пойтахти Фаронса нигарониҳои амниятӣ афзудааст.
Радиои Europe 1 хабар дод, ки бовар меравад, бомбгузори маргталаб як зан бошад.
Вазири дохилаи Фаронса Брис Ҳортефокс бидуни овардани кадом ҷузъиёт, таҳдиди ҳамларо воқеъӣ хонд ва гуфт, ки онҳо сатҳи ҳушёрии худро боло бурдаанд. Ӯ рӯзи панҷшанбе ҳам дар бораи эҳтимоли чунин як ҳамла ҳушдор дода буд.
Ин ҳушдорҳо дар ҳолест, ки ҳафтае қабл парлумони Фаронса пӯшидани бурқа ва ниқобро дар ин кишвар манъ кард.
XS
SM
MD
LG