Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Гейтс аз фурӯши мушакҳои русӣ ба Сурия


Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс изҳори нигаронӣ кард, ки нақшаи Русия барои фурӯхтани мушакҳои зиддибаҳрӣ ба Сурия метавонад суботи минтақаро ба ҳам занад. Пентагон мегӯяд, ки Гейтс ин мавзӯъро дирӯз дар мулоқот бо ҳамтои исроилиаш Эҳуд Барак баҳс кардааст. Исроил мухолифи ин муомилаи Маскав бо Димишқ мебошад.
Роберт Гейтс ин масъаларо ҳафтаи гузашта бо як ҳайъати Русия, ки аз Пентагон боздид мекард, низ дар миён гузошта, аз Маскав хостааст, рӯи пайомадҳои стротежии чунин муомилаҳои марбут ба фурӯши таслиҳоташ андеша кунад.
XS
SM
MD
LG