Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳмуд Аббос музокироти сулҳро тарк хоҳад кард?


Маҳмуд Аббос, раиси Идораи худгардони Фаластин, шояд музокироти сулҳи Ховари Миёна бо миёнҷигарии Амрикоро тарк намояд. Ба гуфтаи раҳбари Фаластин, баъд аз хатми мӯҳлати мораторий барои бунёди манозил дар маҳаллаҳои яҳудинишини Каронаи бохтарии рӯди Урдун, ӯ ҳатто як рӯз ҳам дар гуфтушунид ширкат нахоҳад кард. Мақомоти Фаластин баргузории музокироти мустақим бо Исроилро бо қатъи бунёди манзилҳои нав дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун бастагӣ дода буданд.
Мораторий барои бунёди ин манозил рӯзи 26 сентябр поён меёбад. Як рӯз пеш сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу изҳор намуд, ки мӯҳлати мораторий тамдид нахоҳад шуд ва бунёди манозил барои яҳудиҳо дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун идома хоҳад кард.
Музокироти мустақим миёни Нетаняҳу ва Маҳмуд Аббос дар Вошингтон шурӯъ шуда, баъдан дар фароғатгоҳи Шарм-ул-шайхи Миср ва дар Байтулмуқаддас идома карда буд.
XS
SM
MD
LG