Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун нишасти Созмони Милалро ифтитоҳ кард


Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, имрӯз нишасти серӯзаи сарони кишварҳои олам ифтитоҳ кард. Дар ин нишаст дар бинои дафтари СММ дар Ню Йорк роҳҳои расидан ба аҳдофи Барномаи Ҳазора, ки даҳ сол қабл шурӯъ шуда буд ва то соли 2015 идома хоҳад кард, мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад. Дар муҳокимаи масоил сарони 140 кишвари олам ширкат мекунанд.
Ҳадафҳои асоси ин Барномаи Ҳазора – аз байн бурдани фақр, коҳиши маргу мири атфол, беҳбуди вазъи таълиму тадрис ва ҳифзи сиҳат ва қатъи паҳншавии маризии СПИД эълон шудаааст. Қарор аст, ки имрӯз дар нишасти СММ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам суханронӣ кунад.
XS
SM
MD
LG