Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солеҳӣ: МАГАТЭ ба бӯҳрони эътимод мувоҷеҳ аст


Алӣ Акбар Солеҳӣ, масъули идораи ҳастаии Эрон, изҳор намуд, ки айни ҳол Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ ба "бӯҳрони эътимод ва нуфузи маънавӣ мувоҷеҳ шудааст". Зимни суханронӣ дар конфаронси солонаи МАГАТЭ дар шаҳри Вена, Солеҳӣ гузориши ахири ин ниҳод дар робита ба барномаи ҳастаии Эронро танқид кард ва онро “ноодилона ва хурдагирона” арзёбӣ намуд. Муносибати миёни Эрону МАГАТЭ баъд аз он ба сардӣ гароид, ки Теҳрон ду нозири таслиҳотии ин созмонро аз тафтиши муассисаҳои ҳастаии кишвар дур кард.
XS
SM
MD
LG