Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоли нерӯҳои амниятии Қирғизистон ба Бодканд


Кормандони амниятӣ аз вилоятҳои Норин, Иссиқ-Кӯл, Чуй ва Таласи Қирғизистон ба хотири назорати марз бо Тоҷикистон ба вилояти Бодканд интиқол дода шуданд. Дар ин бора Чолпонбек Турусбеков, муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон ба Радиои Озодӣ хабар дод. Аз ин пеш хабар дода шуд, ки баъд аз ҳамла ба низомиёни тоҷик дар минтақаи Рашт яке аз бузургтарин гузаргоҳҳои марзӣ миёни ду кишвар – гузаргоҳи Қарамик баста шудааст. Бар асари ҳамла ба ду мошини низомӣ дар дараи Камароби водии Рашт 23 нафар ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи хабаргузории “Азия-Плюс”, интиқоли молу коло аз тариқи гузаргоҳҳои гумрукии марзҳои шимолии Тоҷикистону Қирғизистон бидуни мушкил идома дорад. Дар марзи миёни вилояти Суғд ва ҷумҳурии Қирғизистон се гузаргоҳи марзӣ мавҷуд аст – “Овчӣ қалъачӣ” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, “Маданият” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва “Гулистон” дар ноҳияи Исфара. Ба гуфтаи масъулини Раёсати гумруки вилояти Суғд, имрӯз аз ин гузаргоҳҳо дар бораи манъи убури мурури нақлиёт иттилоъе нарасидааст.
XS
SM
MD
LG