Пайвандҳои дастрасӣ

Русия дар Қирғизистон пойгоҳи воҳиди низомӣ хоҳад дошт


Дар шаҳри Бишкек музокирот дар бораи мақом ва шароити ҳузури низомиёни рус дар Қирғизистон шурӯъ шуд. Ҳайати Русияро муовини сардори Ситоди кулли вазорати дифоъи Русия Валерий Герасимов ва ҳайати Қирғизистонро муовини вазири дифоъи кишвар Асилбек Урмокоев сарварӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, ки ҳайатҳо тайи чанд рӯз тарҳи созишнома дар бораи пойгоҳи воҳиди низомии Русия дар хоки Қирғизистонро баррасӣ хоҳанд кард. Тибқи созиши қаблан ҳосилшуда, чанд ниҳоди низомии Русия мустақар дар Қирғизистон дар як пойгоҳ муттаҳид карда мешавад.
XS
SM
MD
LG