Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Закаев ба Варшава бармегардад


Аҳмад Закаев, яке аз раҳбарони ҷудоихоҳони чечен, изҳор намуд, ки раводидашро ба Лаҳистон барқарор карда, рӯзи сешанбе ба ин кишвар бармегардад. Дар ин бора имрӯз намояндаи ӯ Адам Боровскӣ хабар дод. Шоми рӯзи ҷумъа додгоҳи Лаҳистон дар бораи раҳоии Аҳмад Закаев ҳукм содир кард. Ҳамон рӯз ӯ дар роҳ сӯи додситонӣ дар шаҳри Варшава боздошт шуда буд. Аҳмад Закаев барои ширкат дар Конгресси ҷаҳонии чеченҳо ба Лаҳистон омада буд.
Мақомоти Русия, ки Закаевро дар даст доштан дар фаъолияти террористӣ айбдор мекунанд, ҳамоно истирдоди ӯ ба кишварро талаб доранд. Ҳукумати Бритониё ба Аҳмад Закаев мақоми паноҳандагии сиёсӣ додааст.
XS
SM
MD
LG