Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пахши навори бародари Алии Бедакӣ тавассути телевизион


Акс аз хазина

Акс аз хазина

Ҳусниддин Давлатов, бародари Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ ва аз размандагони пешини мухолифин, ҳамлаи пурқурбонии рӯзи 19-уми сентябр болои сарбозони вазорати дифоъ дар дараи Камаробро кори дасти бародараш хонд.

Шоми рӯзи душанбе, 20-уми сентябр, телевизионҳои давлатии Тоҷикистон навореро намоиш доданд, ки дар он Ҳусниддин Давлатов гуфт, Алии Бедакӣ шахсан дар ин ҳамла иштирок кардааст ва ҳоло дар зери итоати ӯ бештар аз 100 ҷангиён ва он ҳам аз ҳисоби ҷавонҳои маҳаллӣ қарор доранд. Вай афзуд, ин ҷавонҳо асосан дар зери ниқоби таълимоти исломӣ бо таълимоти ҷангӣ фаро гирифта шудаанд.

Аммо дар чанд рӯзи пеш наздикони Аловуддин Давлатов хабари пайвастани ӯ ба гурӯҳи Мулло Абдуллоро шадидан радд карда ва гуфта буданд, ки феълан Аловуддин ба тиҷорати худ машғул аст ва ҳаёти мулкӣ дорад.

Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон аз боздошти Ҳусниддин Давлатов, бародари Алии Бедакӣ дар ҳоле хабар дода, ӯро барои ҳамдастӣ ба бародараш Аловуддин Давлатов муттаҳам донистанд, ки ӯ дар рӯзи иди Рамазон дар шаҳри Душанбе аз тарафи нерӯҳои амниятӣ боздошт шуда буд.

Аз Ҳусниддин Давлатови 33-сола ба унвони намояндаи маҷлиси маҳаллии Рашт ва аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷиикстон ном бурда мешавад. Агарчӣ масъуолони ҲНИТ гуфта буданд, ки иллатҳои боздошти ӯ рӯшан нест, вале баъзе расонаҳо навишта буданд, ки Ҳусниддин Давлатов барои харидории либосҳои низомӣ боздошт шудааст.

Худи Ҳусниддин Давлатов ҳам дар навори видеоие, ки телевизонҳои давлатии Тоҷикистон намоиш доданд, гуфт, ӯ ҳар сари вақт барои харидории хокаи алюминий ва нурии минералӣ ба Душанбе меомад, вале намедонист, ки ин ҳамаро бародарашу ҳаммаслакони ӯ ба чӣ ҳадафе истифода мекарданд.

Бо ин ҳол, Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ки гурӯҳи ҳамлавар ба корвони мошинҳои ин вазорат дар Камароб аз шаҳрвандони Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон чечентаборони Русия иборат буда, раҳбарии онҳоро маҳз Мулло Абдулло ва Аловуддин Давлатов бар дӯш доштаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ин гурӯҳ ноором кардани авзоъ дар Тоҷикистон ва табдил додани он ба пойгоҳи гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ мебошад.

Аз сӯи дигар, афзуд сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, идороти иктишофӣ ва ё разведкаи ниҳоди қудратӣ аз мавҷудияти ин гурӯҳ огоҳ буд, вале азбаски ин минтақаи куҳистонӣ пинҳонгоҳҳои зиёд дорад, ҳамлаи - ғофилгирона алайҳи сарбозони вазорати дифоъ сурат гирифтааст.

Як суоли дигаре, ки ҳоло бештар матраҳ мешавад ин аст, ки чаро масъулони қудратии Тоҷикистон алайҳи ин гурӯҳҳои мусаллаҳи таҷрибадор ва ҷангдида аскар ва сарбозони навомӯхтро қарор додаанд. Дар ҳоле, ки мебоист алайҳи чунин гурӯҳҳои ҷангӣ бояд аз гурӯҳҳои вижа ва таълимдида истифода шавад.

Дар як сӯҳбате бо сарҳанг Фаридун Маҳмадалиев, сардори раёсати иттиллот ва робита бо ҷомеаи вазорати дифои Тоҷикистон ҳамкорам Абдуқаюми Қаюмзод ин суолҳоро матраҳ кард.



Фаридун Муҳаммадалиев афзуд, ки дар ҳоли ҳозир дараи Камароб зери назорати комили ниҳодҳои қудратӣ қарор дорад ва таъқибу ҷустуҷӯи аъзои гурӯҳи ҳамлавар аз ҷониби гурӯҳҳои вижаи ниҳодҳои интизомӣ идома дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG