Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқаи байналмилалии тирандозӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Душанбе, дар Клуби ҷумҳуриявии варзишии тирандозии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Тоҷикистон, баргузор шуд, дар ҳисоби умумидастаӣ бо пирӯзии варзишгарони Беларус ба анҷом расид.

Дар ин мусобиқа, ки бо тасмими анҷумани панҷуми Шӯрои Марказии ДОСААФ-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барпо гардид, ҳудуди 50 варзишгар аз Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия ва Тоҷикистон ширкат карданд.

Ширкаткунандагони мусобиқа дар тирандозӣ аз таппонча ва милтиқи пневматикӣ ба масофаҳои 10 ва 50 метр тӯли чаҳор рӯз қувва озмуданд.

Абдурақиб Қодиров, корманди маркази матбуоти Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ хабар дод, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия пас аз тими Беларус дар ҷои дуввум қарор гирифт. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон севум шуд.

Дар сабқати занон дар машқи МП-4 Наталя Юрковетс (Беларус) мақоми аввалро касб кард. Светлана Шемет (Беларус) ҷои дуввум ва Светлана Медведева (Русия) ҷои севумро соҳиб шуданд.

Дар навъи дигари рақобатҳои инфиродӣ - ПП-2 миёни занон Надежда Абрамова (Русия) ғолиб шуд. Светлана Шемет (Беларус) ҷои дуввумро азони худ кард. Зарифа Камсумова (Озарбойҷон) соҳиби ҷоизаи севум шуд.

Дар сабқати мардон инҳо ғолиб ва барандагони ҷавоизи дуввуму севум гардиданд:
МВ-9 - 1. Ян Чигилейчик (Беларус). 2. Иля Чергейко (Беларус). 3. Александр Заморкин (Русия).
МП-6 – 1. Вячеслав Червяковский (Русия). 2. Александр Чекмарёв (Русия). 3. Георгий Багдасаров (Тоҷикистон).
ВП-6 – 1. Антон Игнатенко (Русия). 2. Валерий Козин (Русия). 3. Иля Чегрейко (Беларус).
ПП-3 – 1. Владислав Косаренко (Беларус). 2. Вячеслав Червяковский. 3. Артём Лукяноветс (Беларус).

Аз байни варзишгарони Тоҷикистон танҳо як нафар - Георгий Багдасаров дар рақобатҳои инфиродӣ дар машқи МП-6 мақоми севумро касб кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG