Пайвандҳои дастрасӣ

"Кишварҳои дӯст" кӯмак ба Покистонро идома медиҳанд


Дар “мулоқоти кишварҳои дӯсти Покистон”, ки дар дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд, ИМА аз ироаи кумаки 345 миллион долларӣ ба Исломобод хабар дод. Ин маблағ хело бештар аз ваъдаи қаблии Вошингтон аст. Бритониё эълом дошт, ки барои рафъи паёмадҳои мудҳиштарин дар таърихи Покистон обхезӣ 109 миллион доллар ҷудо мекунад. Саҳми Иттиҳодияи Аврупо дар рафъи паёмадҳои ин офати табиӣ 315 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ дар ин нишаст гуфт:
"Мардуми Покистон ба кӯмаки ҷомеъаи байнулмилалӣ умед мебандад. Биёед, кумакаи худ ба покистониҳоро идома диҳем, то ки онҳо тавонанд маҳаллаҳои зисти худ, хоҷагии худро барқарор кунанд ва зиндагиро ба роҳ монанд".
Жан Морис Рипер, намояндаи вижаи СММ оид ба кӯмакҳо ба Покистон гуфт, кишварҳои сармоягузор умедворанд, ки корҳои эҳёбахшиву кӯмак ба осебдидагон самар хоҳад дод ва мақомоти Покистон аз истифодаи ин маболиғ ҷомеъаи ҷаҳониро дар ҷараён мегузоранд.
Бар асари обхезӣ, ки панҷяки қаламрави Покистонро фаро гирифт, тақрибан 2 ҳазор нафар кушта шуда, беш аз 20 миллион нафар бехонаву ҷой мондаанд.
XS
SM
MD
LG