Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон марз бо Тоҷикистонро таҳким бахшид


Мақомоти марзбонии Қирғизистон дар бораи таҳкими марзҳои кишвар бо Тоҷикистон хабар доданд. Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон Зокир Тиленов гуфт, ки баъд аз ҳамла ба низомиёни тоҷик дар минтақаи Рашт ва ба хотири таъмини амният яке аз бузургтарин гузаргоҳҳои марзӣ миёни ду кишвар – гузаргоҳи Қарамик баста шудааст. Чолпонбек Турусбеков, муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон гуфт, ки кормандони амниятӣ аз вилоятҳои Норин, Иссиқ-Кӯл, Чуй ва Талас ба хотири назорати марз бо Тоҷикистон ба вилояти Бодканд интиқол дода мешаванд.
Бар асари ҳамла ба ду мошини низомӣ дар дараи Камаробт водии Рашт 23 нафар ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Имрӯз фаъолони ҷамъиятӣ ва сиёсии ноҳияи Рашт дар як муроҷиат ба мардуми водӣ хостори ҳамкории сокинон бо нерӯҳои амниятӣ ва низомӣ дар ошкор ва саркӯбсозии ин гурӯҳи мусаллаҳ шудаанд. Дар ин муроҷиатнома аз Мулло Абдулло ва Алии Бедак, фармондеҳони собиқи иттиҳодияи мухолифини тоҷик, ба ҳайси раҳбарони гурӯҳҳои зиддидавлатӣ ва омилони ҳамлаи дирӯза ба корвони мошинҳои низомӣ ёд шудааст.
Аз ин пеш мақомоти амниятии Тоҷикистон гуфта буданд, ки ҳадаф аз таҷаммӯъи нерӯҳо дар водии Рашт – боздошти маҳбусонест, ки тақрибан як моҳ пеш аз боздоштгоҳи Кумитаи амниятии миллии Тоҷикистон фирор кардаанд. То имрӯз 6 нафар аз он фирориён боздошт шудаанд. Амалиёти ҷустуҷӯи афроди мусаллаҳ ва маҳбусони фирорӣ дар водии Рашт идома дорад.
XS
SM
MD
LG