Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафорати ИМА дар Душанбе таҳаввулот дар минтақаи шарқи Тоҷикистонро аз наздик пайгирӣ дорад. Даниэл Вамплер, масъули матбуотии сафорат дар ин бора ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки “ИМА аз рӯйдодҳои рӯзи 19 сентябр дар водии Рашт рӯхдода нигарон ва аз талафоти ҷонии нерӯҳои давлатӣ андӯҳгин аст. Мо вазъи водии Раштро , ки ноустувор боқӣ мемонад, пайгирӣ мекунем”.

Даниэл Вамплер дар посух ба суоли мо дар бораи вокуниши Вошингтон ба дархости эҳтимолии низомии Тоҷикистон аз Амрико дар сурати бештар ноором шудани авзоъ гуфт, “то ҳол ҳукумати Тоҷикистон аз мо чунин дархост накардааст. Ман намехоҳам дар заминаи дархостҳои эҳтимолии ҳукумат ва ё иқдоми сафорати мо ҳадс бизанам. Вале метавонам бигӯям, ки бахши аъзами кӯмакҳои мо ба сохторҳои амниятӣ ва ҳифозати марзи Тоҷикистон ироа мешавад”.

Вокунишҳо ба даргирии Камароб


Ҳамла ба корвони мошинҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон дар дараи Камароб, ки боиси кушта шудани 25 нафар шуд, вокунишҳои мухталиферо дар миёни ҷомеъа ва маҳофили Тоҷикистон ба бор овардааст. Ин ҳодиса аз сӯи мақомоти аҳзоби сиёсӣ ва шахситяҳои бонуфуз аслан маҳкум шудааст.

Ҷумъабой Сангинов, раиси ҷиноҳи Ҳизби Халқӣ Демократии ҳоким дар Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки ҳодисаи даргирӣ дар Камароб ва кушта шудани сарбозони артиши миллӣ наметавонад амният ва суботро дар кишвар халадор намояд.

Ӯ мегӯяд, нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ ба зуддӣ хоҳанд тавонист омилони ин ҳодисаро пайдо ва муҷозот кунанд:



Саидумар Ҳусайнӣ, намояндаи ҲНИ дар парлумон гуфт, таҳаввули вазъ дар он минтақа сахт ҷиддан боси нигароист. Ӯ гуфт, музокироти ахири вазирони қудратӣ бо фармондеҳони собиқ дар Рашт онҳоро нисбат ба ҳалли мусолиматомези мушкилоти бархоста дар он водӣ хеле хушбин карда буд, вале рехта шудани хун зоҳиран авзоъро дар шарқи кишвар боз ҳам печидатар мекунад:



Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, аз раҳбарони пешини ИНОТ низ дар баёнияе куштори сарбозони вазорати дифоь дар Камаробро ҷинояти мудҳиш унвон карда, гуфтааст, ки "онро бо тамоми масъулият маҳкум менамоям".

Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки Худованд миллату кишвари Тоҷикистонро аз ин фитнаҳо нигоҳ дорад ва оромиву осудагиро насиби мо гардонад:




Мулло Маъруфулло Раҳимов, сарпарасти Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон низ амали ҳамла ба корвони сарбозони артиши миллиро маҳкум намуда ва онро кори дасти душманони истиқлоли Тоҷикистон унвон кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG