Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари дастаи «Вахш» ба Мянмар


Дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони кунунии Тоҷикистон, 20-уми сентябр барои ширкат дар даври ниҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё озими Мянмар шуд.

Даври ниҳоии Ҷоми раиси AFC, ки аз рӯи аҳамият севумин сабқати қитъавии бошгоҳӣ маҳсуб мешавад, аз 24-ум то 26-уми сентябр дар Мянмар баргузор хоҳад шуд.

Бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ дар Маркази тамринии наврасони шаҳри Янгон барпо мешаванд. Рӯзи ҷумъа, 24-уми сентябр, нахуст бозии ниманиҳоӣ миёни дастаҳои «Вахш» (Тоҷикистон) ва «Яданарбон» (Мянмар) сурат мегирад. Баъдан дастаҳои «Дордой» (Қирғизистон) ва МТТУ (Туркманистон) барои ба финал баромадан қувваозмоӣ мекунанд.

Ҳайати дастаи «Вахш» дар даври ниҳоии Ҷоми раиси AFC:

дарвозабонҳо: Фарҳод Юлдошев, Саидҷон Саидраҳмонов;

ҳимоятгарон: Субҳон Хоҷамов, Акмал Сабуров, Алексей Неъматов, Асадулло Нуруллоев, Меҳроб Заҳурбеков;

нимҳимоятгарон: Баҳодур Шарифов, Абдуқаюм Қарабоев, Умедҷон Шарифов, Камолҷон Ортиқов, Рустам Хоҷаев, Маҳмадалӣ Содиқов, Ҷамолиддин Зардиев;

ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Рустам Усмонов, Фирдавс Файзуллоев.

Раҳбарияти даста: Исроил Шарифов – раиси бошгоҳ; Аслиддин Ҳабибуллоев – сармураббӣ; Салоҳиддин Ғафуров – мураббии мушовир.

Ёдовар мешавем, ки «Вахш» дар сабқати гурӯҳӣ дар Янгон бомуваффақият ҳунарнамоӣ карда, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб карда буд. Футболбозони тоҷик бар дастаҳои «Ренаун» (Шри-Ланка) бо ҳисоби бузурги 6-0, «Озмоишгоҳи Хон» (Покистон) – 1-0, «Нагакорп» (Камбоҷа) – 3-0 пирӯз шуда буданд. Аз 10 голи «Вахш» 5-тоашро Рустам Усмонов ба самар расондааст.

Ба ғолиби Ҷоми раиси AFC 50 ҳазор доллари ИМА ва ба дастаи дар финал мағлубшуда 25 ҳазор доллари амрикоӣ супурда хоҳад шуд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми раиси AFC:


2005 (Катманду, Непал). «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) – «Дордой-Динамо» (Қирғизистон) – 3:0.
2006 (Кучинг, Малайзия). «Дордой-Динамо» – «Вахш» (Тоҷикистон) – 2:1, дар замони изофӣ.
2007 (Лоҳур, Покистон). «Дордой-Динамо» – «Непал Полис Клаб» (Непал) – 2:1.
2008 (Бишкек, Қирғизистон). «Регар-ТадАЗ» – «Дордой-Динамо» – 1:1, аз рӯи пенолти – 4:3.
2009 (Турсунзода, Тоҷикистон). «Регар-ТадАЗ» – «Дордой-Динамо» – 2:0.
2010 (Янгон, Мянмар). ???
XS
SM
MD
LG