Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин қурбонии даргирии Камароб ба хок супурда шуд


Алишери Умаралӣ қабл аз даъват ба сафи артиш

Алишери Умаралӣ қабл аз даъват ба сафи артиш

Субҳи душанбеи 20-уми сентябр, дар деҳаи Чавалайи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷасади Алишери Умаралӣ 19 сола, сарбози вазорати дифои Тоҷикистон ба хок супурда шуд.

Ӯ яке аз аввалин қурбониҳои ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ болои корвони мошинҳои вазорати дифои Тоҷикистон мебошад, ки рӯзи якшанбе дар дараи Камароб ба вуқӯъ пайваста, ҳаёти дастакам 23 афсару сарбози артиши Тоҷикистонро аз байн бурд.

Вақте мо хабарнигорони Радиои Озодӣ ба деҳаи Чавалай расидем, дар он ҷо маросими ҷанозаи Алишер ҷараён дошт.

Падари Алишер- Умаралӣ Мирзоев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки писараш моҳи майи соли ҷорӣ бо ихтиёри худаш ба хидмат рафта буд.



Алишер писари калонии хонавода буд. Падари марҳум гуфт:

«Пеш аз моҳи Рамазон гуфта буд, ки ата моро Рашт мебаранд. Рафтам расидам, зангатон мезанам, аммо, дигар занг назад......»

Падари Алишер 5 нафар фарзанд дорад ва Алишери марҳум писари калонии хонавода будааст.

Модари Алишер, Моҳшариф Мирзоева гуфт, бори охирин писарашро се рӯз пеш аз Рамазон дидааст.

«Се рӯзи рӯзахурӣ, бачам омада буд. Гуфт, ки оча командирам бовар кардааст, ҷавоб додааст, мерам. Соати 8-и бегоҳ 20 сомонӣ додамаш, рафт. Писарам омада гуфт, ки оча моро Рашт мебаранд. Бузбалаҳоро Рашт мебаранд. Бачаи бӯзабалаи мара Рашт ҷанг бурданд, мурдаашро оварданд. Хонаат бисӯзад аскарӣ, хонаат бисӯзад бачакуш....»

Афроде, ки ҷасади ярадори Алишерро шустаанд, мегӯянд, ки дар баданаш нишони 6 тир буд. Бобои Абдураҳим ҳам дар ин маросим иштирок карда буд мегӯяд:

«Дар сари синааш изи асколка буд. Сари синааш дарида буд. Пояҳояш бо тир задагӣ буд. Вақте мошин чапа шудааст боз омада аз наздик заданд».

Сарнавишти норӯшани чанд сарбози дигар

Аз вазорати дифои Тоҷикистон ба Озодӣ иттилоъ доданд, ки бар асари ин ҳамла 23 сарбоз ба ҳалокат расида ва чанд тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Олима Девонаева, як масъули Маркази матбуоти вазорати Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, ки сарбозони вазорати дифоъ зимни адои вазифа ба ҳалокат расиданд.

Дар ҳамин ҳол, сарнавишти сарбозони боқимонда, ки дар ин бархӯрд ширкат доштанд, рӯшан нест. Зеро хабаргузориҳо шумораи сарбозони қофилаи вазорати дифоъро 80 нафар тахмин мезананд.

Дар Камароб задухӯрд идома дорад

Тибқи ахбори ниҳодҳои қудратӣ, рӯзи душанбе вазъият дар Рашт ором буд, вале ба гуфти сокинони маҳаллӣ, аз самти дараи Камаров садои тир ба гӯш мерасад.

Ойниҳол Асоева, як зани миёнсоли водии Рашт мегӯяд, ки аз дирӯз ба ин тараф, садои тир хоби мардумро аз чашмашон дур кардаву онҳо фавқулода нигаронанд.

«Бачаҳои ҷавони бисёра оварда ҳамин атрофмонда партофтесан. Торои сарамонда вертолёта рафтесан. Оҳ аз параи Камароб садои тирпаронии сахт омадейсас. Мегӯянд, ки як мошин солдатои кӯдак куштан, ҳамин тари вазъиятай. Дигар чи кор кунем...»

Ҳамсӯҳбатам мегӯяд, ки чархболҳо минтақаро зери назорат гирифта, дар тамоми деҳоти водӣ артиши ҷумҳурӣ афсару сарбозонро мустақар мекунад.

Вазъият аз тобистон маълум буд

Фирӯза, як хабарнигор, ки ҳамагӣ 1 моҳ қабл аз минтақаи Рашт дидан карда буд ва муддати як моҳ бо сокинони инҷо зист намудаву шоҳиди ҳузури силоҳбадастон шудааст мегӯяд, ки нишонаҳои ноороми минтақа аз тобистон маълум буд. Зеро силоҳбадастони номаълум, ки дар кӯҳҳо сукунат доштанд, ба ҷойҳои аҳолинишин ҳам рафту омад мекарданд.

«Мерафтану меомаданд. Дар байнашон хориҷиҳо ҳам буданд. Мардуми Рашт дигар мардуми солҳои навадум нест, ки бар зидди ҳукумат бихезанду силоҳ гиранд. Мардум зиндагии орому осударо мехоҳанд. Дигар медонанд, ки ин ҷанг ба хотири мансабу дигару дигар аст. Мардум ба оянда боварӣ надорад. Намедонад, ки оянда чӣ мешавад »

Боз фиғони модари тоҷик баланд шуд

Ҳамакнун баъди 13 соли ҷанги шаҳрвандӣ боз дубора дар хонадони тоҷик садои оҳу нола ва фиғони модарону ҳамсарон, фарзандону пайвандон баланд шуд.

Мисли модари Алишери 19 сола боз даҳҳо модари дигар акси фарзанд дар рӯи дили худ нолаи фарзанд мекунанд.

Даҳҳо кӯдакон ва ҳамсарони бешавҳару бепадармонда дар чорсӯи сарнавишти талх чашм ба роҳи ҳамсарон ва падарони ғурамарг хоҳанд дӯхт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG