Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

19-уми сентябр ду бозии даври 24-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

ССКА «Помир»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахти кишвар бозиро бо дастаи меҳмон - «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 1-1 анҷом дод. Ҳарду гол дар нимаи дуввуми бозӣ зада шуд. Маҳмадлоиқ Нуриддинов, бозигари «Хайр», ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Комил Саидов ба самар расонд.

Дар бозии дигар, ки якшанбеи гузашта дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сурат гирифт, дастаи мизбон - «Парвоз» аз тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1-2 шикаст хӯрд. Зокир Абдулхайров («Хуҷанд») дар дақиқаи 34-ум ҳисобро кушод. Баъди 13 дақиқа Абдуқаюм Ҳоҷибоев («Парвоз») ҳисобро баробар кард. Голи ҳалкунандаро Ҳусейн Ҷалолов («Хуҷанд») дар дақиқаи 71-ум зад.

Бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон ба иллати баргузории бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон ва ширкати дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар даври ниҳоии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё дар Мянмар ду бозии дигари даври 24-ум ба мӯҳлати дигар гузаронида шуд.

Бозии «Энергетик»-и Душанбе – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ба ҷои 18-уми сентябр 20-уми сентябр барпо мегардад.

Бозӣ миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе - «Вахш», инчунин, «Вахш» – «Энергетик» (бозии даври 25-ум) ба мӯҳлати дертар мононда шуд.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот «Истиқлол» бо 50 имтиёз дар ҷои аввал, «Регар-ТадАЗ» бо 49 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Хайр» бо 37 имтиёз дар ҷои севум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Истиқлол» (Душанбе)

20

15

5

0

43-10

50

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

21

15

4

2

59-13

49

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

21

11

4

6

39-25

37

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

20

9

6

5

24-19

33

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

22

7

8

7

23-31

29

6.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

22

7

5

10

31-39

26

7.

«Энергетик» (Душанбе)

20

5

3

12

24-35

18

8.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

21

4

3

14

22-43

15


Нишонзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 18 гол, Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 13, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») – 10, Нӯъмонҷон Ҳакимов «Регар-ТадАЗ/»Вахш») ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 9-голӣ, Низом Раҳимов («Хайр») – 8 гол.

Даври 25-ум
25 сентябр (шанбе)
«Регар-ТадАЗ» - «Парвоз»

26 сентябр (якшанбе)
«Хайр» - «Истиқлол»
«Равшан» - ССКА «Помир»
XS
SM
MD
LG