Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод аз Амрико раҳоии 8 эрониро хостааст


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод аз Амрико даъват кард, 8 эрониеро, ки ба гуфтаи ӯ, ғайриқонунӣ дар боздошт қарор доранд, раҳо кунад. Аҳмадинажод дар мусоҳибааш бо як телевизиони амрикоӣ гуфт, кишвари ӯ бо раҳоии Соро Шоурд дар ин роҳ ҳусни ният нишон додааст. Аҳмадинажод дар Ню-Йорк дар пешорӯи иҷлоси Маҷмаъи умумии СММ бо дабири кулли ин созмон Бан Кӣ Мун низ мулоқот кард. Бан ба раҳбари Эрон муҳим будани эҳтиром ба ҳуқуқи аслии шаҳрвандиву сиёсиро таъкид карда, аз ӯ хостааст, дар ҳалли баҳси ҳастаии Эрону Ғарб аз шеваи ҳамкории созанда кор бигирад.
XS
SM
MD
LG