Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии начандон барҷаста эътилофи ҳокими Шветсия


Эътилофи ҳокими аҳзоби ростгаро дар интихоботи Шветсия бар ҳизби мухолифи сотсиал-демократ пирӯз шуд, вале барои касби аксарият ба он ҳамагӣ 3 курсӣ намерасад. Эътилофи сарвазир Фредрик Рейнфелдт 172 курсӣ аз 349 чавкии парлумонро соҳиб шудааст. Аммо барои нахустин бор дар таърихи Шветсия як ҳизби тунди ростгаро низ ба парлумон роҳ ёфт. Ҳизби демократ, ки бо шиорҳои зидди муҳоҷирон ба интихобот рафт, соҳиби 20 курсии вакилӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG