Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ню-Йорк нишасти рушди ҳазорсола шурӯъ мешавад


Имрӯз дар ҳошияи иҷлосияи солонаи Маҷмаъи умумии СММ дар қароргоҳи ин созмон дар Ню-Йорк нишасти серӯзаи сарони кишварҳо бахшида ба ҷараёни татбиқи барномаи рушди ҳазорсола оғоз ба кор мекунад.
Дар ин нишаст раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.
Барномаи рушди ҳазорсола аз сӯи СММ соли 2000 тасвиб шуда, то соли 2015 нисф кардани мизони фақру гуруснагӣ ва бемориҳо дар саросари ҷаҳонро ба ҳадаф дорад.
XS
SM
MD
LG