Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани солонаи Ожонси ҳастаӣ оғоз меёбад


Имрӯз анҷумани солонаи Ожонси назорати нирӯи атомӣ оғоз ба кор мекунад. Ҳамоиши намояндагони 151 кишвари узви ин ниҳоди вобастаи СММ дар Вена як ҳафта идома хоҳад ёфт. Бино ба хабарҳо, дар ин анҷуман боз ҳам масъалаи таслиҳоти ҳастаии Исроил матраҳ шуда, давлатҳои арабӣ пешниҳоди як соли пеши худ роҷеъ ба даст кашидани Исроил аз таслиҳоти ҳастаии эҳтимолиаш ва имзо кардани Исроил ба Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаиро аз нав дар миён хоҳанд гузошт.
Пуштибонони Исроил, аз ҷумла Амрико, аммо мегӯянд, ки чунин қатънома ҷараёни тоза азсаргирифташудаи сулҳи Ховари Миёнаро дучори хатар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG