Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари попи Рум ба Бритониё поён ёфт


Сафари чоррӯзаи попи Рум Бенедикти 16 ба Бритониё поён ёфт. Ӯ дирӯз кардинал Ҷон Ҳенрӣ Нюманро, ки дар соли 1845 аз мазҳаби англоканӣ бурида ва ба калисои католикӣ пайваст, ба шумули чеҳраҳои муқаддаси ин калисо даровард.
Ин нахустин мавриди тақдиси як рӯҳонӣ аз замони ба маснади раҳбари калисои католикӣ нишастани Бенедикти 16 буд. Попи Рум ба дунбол дар Бирмингҳем дар баробари ҳудуди 50 000 зоир ваъз гуфт.
XS
SM
MD
LG