Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сӯҳбат аз комёбии интихобот ҳанӯз барвақт аст


Стефан де Мистура, фиристодаи СММ дар Афғонистон гуфт, куммиссиюни интихоботи ин кишвар кори бузургеро анҷом додааст, вале сӯҳбат аз комёбии интихоботи парлумонии рӯзи 18 сентябр ҳанӯз пеш аз вақт аст. Куммиссиюни интихоботи Афғонистон қаблан ин маъракаро муваффақ номид.
Фазлаҳмад Маънавӣ, раиси ин ниҳод ҳамчунин гуфт, се маъмури интихоботӣ, ки рӯзи шанбе рабуда шуданд, кушта шудаанд. Тайи интихоботи парлумонӣ дастикам 29 маъмури дигари интихоботӣ ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG