Пайвандҳои дастрасӣ

Шоҳҷоизаи "Киношок"-ро "Марди авроосиёӣ" бурд


“Токи тилоӣ”, шоҳҷоизаи ҷашнвораи байналмилалии синамо “Киношок-2010” дар Анапаи Русияро филми “Марди авроосиёӣ”, маҳсули коргардони литвонӣ Шарунас Бартас бо худ бурд. Барои касби шоҳҷоизаи ин ҷашнвора, ки аз 12 то 19 сентябр идома дошт, 14 филм аз кишварҳои пасошӯравӣ вориди сабқат шуда буд. Тоҷикистонро дар “Киношок-2010” коргардон Носир Саидов бо филми “Қиёми рӯз” намояндагӣ мекард.
Ин ҷашнвораи филмҳои кишварҳои муштаракулманофеъ ва соҳили Балтик имсол барои бори 19-ум доир шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG