Пайвандҳои дастрасӣ

Абдуллоҳи Назрӣ имрӯз 80-сола мешавад


Имрӯз, 20 сентябр, овозхони шӯҳратёр ва ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Абдуллоҳи Назрӣ 80-сола мешавад. Абдуллоҳи Назрӣ соли 1930 дар ноҳияи Қалъаихум, Дарвози кунунӣ, ба дунё омада, бо онки ҳамагӣ 7 сол таҳсили мактаб дошт, дар соли 1957 ба унвони ҳофизи мардумии Тоҷикистон мушарраф шуд. Аммо ба шарафи ҷашни 80-солагии ин хонандаи шӯҳратёр кадом тантанаи расмие дар Тоҷикистон барномарезӣ нашудааст. Исмоили Назрӣ, фарзанди овозхон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо зодрӯзи Абдуллоҳи Назриро дар ҳалқаи аҳли хонавода ва ёрону дӯстон таҷлил хоҳанд кард.
Аз Абдуллоҳи Назрӣ, ки 4 сол пеш ба зиндагӣ падруд гуфт, беш аз 200 тарона дар хазинаи мусиқӣ ва ҳунари тоҷик ба мерос мондааст. Ӯ аз пайравони мактаби овозхонии Акашариф Ҷӯраев маҳсуб мешуд ва дар Душанбе як кӯчаро ба номи ӯ гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG