Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноқаноатмандии фиристодаи СММ аз интихоботи Афғонистон


Дипломати баландпояи Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон гуфт, "комёбона" унвон кардани интихобот натиҷагирии пешазвақт мебошад. Стефан де Мистура, фиристодаи СМ дар Афғонистон гуфт, Кумисюни интихоботии ин кишвар кори бузургеро анҷом дод, аммо "комёбӣ" эълон кардани он каме шитобзадагист. Ҳамчунин имрӯз раиси Кумиссюни мустақили интихоботи Афғонистон хабар дод, ки ҷасади се корманди ҳавзаҳои интихоботӣ, ки рӯзи шанбе рабуда шуданд, кашф гаштааст. Фазлаҳмад Монавӣ гуфт, ин масъулон дар вилояти Балх кушта шудаанд. Монавӣ гуфт, ҳамчунин 29 корманди дигари ҳавзаҳои интихоботӣ захмӣ шудаанд. Созмони Милали Муттаҳид, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо аз афғонҳо барои ширкаташон дар интихоботи порлумонӣ бо вуҷуди таҳдидҳои толибон ба баҳам задани он, ситоиш карданд.
XS
SM
MD
LG