Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози шумориши орои интихоботи Афғонистон


Мақомоти интихоботии Афғонистон бо нигаронӣ аз тақаллубҳо, вале ба сурати умум хушбинона ба шумориши раъйҳо дар интихоботи порлумонии рӯзи шанбе оғоз карданд. Натиҷаи шумориш ба ин зудиҳо эълон нахоҳад шуд, аммо натиҷаи талошҳои толибон ба ноком кардани интихобот дигар рӯшан гаштааст.

Худи толибон мегӯянд, дар рӯзи раъйдиҳӣ 150 ҳамла анҷом додаанд. Давлати Афғонистон мегӯяд, дар ин ҳамлаҳо 11 шаҳрванди осоишта ва се корманди полис кушта шудаанд. Нерӯҳои байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон аз ҳалокати 22 нафар, аз ҷумла сарбозони хориҷӣ хабар додаанд.

Шикоятҳо назар ба интихоботи президентӣ камтаранд

Аммо ин хеле камтар аз қурбониҳои интихоботи президентии соли гузашта аст. Он вақт дар рӯзи райъдиҳии 20-уми августи соли 2009 зиёда аз 422 ҳамла ба вуқӯъ пайваста буд.

Шикоятҳо низ назар ба эътирозҳои интихоботи президентӣ камтаранд ва масъулони интихобот мегӯянд, шикоятҳо аз тақаллуб дар он пояе нестанд, ки натиҷаҳои раъйдиҳиро зери суол баранд. Сайидмуроди Шариф, раиси Шӯрои Кумиссюни шикоятҳои интихоботӣ ин гуна шарҳ медиҳад:

Вале дар тафовут бо ҷаноби Шарифӣ, Бунёди интихоботи озод ва одилонаи Афғонистон, бузургтарин нозири дохилии интихобот, аз хилофкориҳое нигарон аст, ки метавонанд ба шумориши оро таъсир кунад.

Дар изҳороти он гуфта мешавад, ҳодисаҳои пур кардани қуттиҳои раъй, раъйдиҳӣ аз номи дигарон, зуд шуста шудани ранги ишораи ангушти райъдодагон ва камбудиҳое монанди ин бояд ҷиддан таҳқиқ шавад. Ҷондод Спинғар, мудири иҷроии ин бунёди мустақил ба Радиои Озодӣ гуфт:

"Агар ин шикоятҳо таҳқиқ ва аз роҳи қонун ҳал нашаванд, наметавон интихоботро озод ва одилона номид."

Шикоятҳо дар пасманзари ончӣ дар интихоботи президентии соли гузашта ба амал омада буд, аҳамияти вижа касб кардаанд.

Он замон эътирози тарафдорони доктор Абдуллоҳ, рақиби асосии раисиҷумҳури феълӣ, Ҳомид Карзай, шумориши раъйҳоро моҳҳо тӯл дод ва билоахира, дар як фазои мармуз Карзай пирӯз эълон шуда, Абдуллоҳ бо ноқаноатмандӣ саҳнаро тарк кард.

Истиқболи ҷомеъи ҷаҳонӣ аз ин интихобот

Бо вуҷуди нигарониҳо дар худи кишвар, аз берун Созмони Милали Муттаҳид, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо аз интихоботи порлумонии Афғонистон истиқбол карданд. Дабири кулли Созмони Милал, Бан Ки-мун раъйдиҳандагони Афғонистонро табрик гуфт ва ба "ҷасорату қатъияти онҳо" арҷ гузошт.

Чунин нукот дар табрикномаи Иттиҳоди Аврупо низ ҷой дорад. Бино бар хабарҳо, наздик ба 40 дарсади соҳибони ҳаққи раъй дар интихоботи порлумонии рӯзи шанбе ширкат карданд.

Ин дувумин интихоботи порлумонии Афғонистон аз соли 2001 ба ин сӯ буд. Наздик ба дуним ҳазор номзад барои 249 курсии палатаи поёнии порлумон сабқат карданд.

Ин маҷлис ҳақ дорад, қонунгузориҳои ҳукумат ва ҳам вазирони пешниҳодии президентро тасвиб ё рад намояд.
XS
SM
MD
LG