Пайвандҳои дастрасӣ

Тирандозӣ ба ҷаҳонгардон дар маркази Деҳлӣ


Мусаллаҳони номаълум автобуси ҷаҳонгардони тайваниро дар наздики масҷиди ҷомеи Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон тирборон кардаанд. Полис мегӯяд, бар асари ин ҳамла ду сайёҳ захмӣ шудаанд. Тирандозӣ ба автобус аз тарафи онҳое сурат гирифтааст, ки савори мотосиклҳо будаанд. Ин ҳамла дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки ҳафтаҳои оянда дар Деҳлӣ бозиҳои варзишии кишварҳои ҳамсуд баргузор мешавад. Бархе аз гурӯҳҳои ситезаҷӯ таҳдид кардаанд, ки мусобиқаҳои байнулмилалиро баҳам хоҳанд зад.
XS
SM
MD
LG