Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 10 нафар дар ду ҳамлаи худкушона дар Бағдод


Мақомоти ироқӣ мегӯянд, дар ду таркиши интиҳорӣ дар Бағдод, ба камияш 10 нафар кушта ва чандин тан захмӣ шудаанд. Генерали артиши Ироқ, Алӣ Фатал мегӯяд, инфиҷори аввал дар назди дафтари ширкати телефонҳои мобил дар минтақаи сарватманди Мансури Бағдод ба вуқӯъ пайваст. Дақиқ нест, ки оё дафтари "Азияселл" ҳадаф будааст ё иншооти дигар. Таркиши дувуми мошини бомбгузоришуда дақиқаҳое баъд дар минтақаи Козимия, дар шимоли Бағдод ба амал омадааст.
XS
SM
MD
LG