Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия ба арманитаборонаш иҷозаи намози оммавӣ дод


Арманитаборони Туркия аввалин бор дар қариб 100 соли охир иҷоза гирифтанд, ки дар ҳавои кушод намози оммавӣ барпо кунанд. Қарор аст, ин ҳамоиш дар саҳн ва атрофи калисои Крос ва Агдамари муқаддас дар вилояти Ван дар шарқи Туркия баргузор шавад. Анкара иҷозаи чунин ҳамоишро ба ақаллияти арманитабори ин кишвар дар моҳи марти соли равон тақдим кард. Сарвазири Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон ин рӯйдодро бозтоби таҳаммулпазирӣ дар кишвараш номид. Аммо бархе аз арманитаборон намози омро ҳамчун як таблиғияи мақомоти турк таҳрим кардаанд. Равобит байни туркҳо ва арманиҳо дар пасманзари даъвои қатли оми арманиҳо аз тарафи туркҳои усмонӣ дар давраи ҷанги ҷаҳонии аввал сард аст. Туркҳо иттиҳоми наслкуширо рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG