Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати чеченҳо ба таҳқиқи ҷиноятҳои ҷангии Русия


Ҷудоихоҳони чечен дар ғурбат аз Созмони Милал таъсиси додгоҳи ҷиноятҳои ҳарбӣ дар Чеченистонро хостанд. Ин даъват дар анҷумани ҷаҳонии чеченҳо дар Лаҳистон садо дод. Дар изҳороти ниҳоии анҷуман, ки хабаргузориҳо нашр кардаанд, ширкаткунандагони он таҳқиқи байнулмилалии "қатлҳои дастаҷамъона, қабрҳои оммавӣ ва афроди бенишоншуда дар Чеченистонро зарур шумурдаанд. Русия ба баргузории ин анҷуман шадидан эътироз карда ва боздошти яке аз раҳбарони пешини Чеченистон, Аҳмад Закаевро талаб намудааст. Маскав аз Лаҳистон хостааст, Закаев ба Русия истирдод шавад. Полиси Лаҳистон Закаевро дастгир кард, аммо додгоҳ ӯро озод намуд ва мегӯяд, Лаҳистон бояд мақоми паноҳандаи сиёсиро, ки аъзои Иттиҳоди Аврупо додаанд, эҳтиром кунад.
XS
SM
MD
LG