Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли ҳуқуқи инсон дар Эрон ба 6 соли зиндон маҳкум шуд


Эрон як фаъоли ҳуқуқи инсонро ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Шиво Назар Оҳорӣ бо иттиҳоми суиқасд ба низом ҳамчунин ба 74 зарбаи шаллоқ низ маҳкум шуд. Оҳорӣ дар моҳи декабри соли гузашта дар роҳи сафар ба маросими дафни оятуллоҳ Ҳусейналии Мунтазирӣ боздошт шуда буд. Мунтазирӣ устоди маънавии Ҷунбиши сабзи мухолифон аст, ки зидди бозинтихоби президент Маҳмуди Аҳмадинажод дар соли гузашта буд. Вакили Оҳорӣ, Муҳаммад Шариф гуфт, бо пардохти ҷаримаи 400-долларӣ Оҳорӣ метавонад аз 74 зарбаи шаллоқ раҳоӣ ёбад. Вакил мегӯяд, ҳамчунин аз ҳукм шикоят хоҳад кард, зеро ба қавли ӯ, барои он ягон далели ҳуқуқӣ вуҷуд надоштааст.
XS
SM
MD
LG