Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон эрониҳоро ба радди густариши ҳарбӣ даъват кард


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон, аз мардуми Эрон даъват кард, ончиро, ки вай густариши нақш ва нерӯи ҳарбии Эрон номид, рад кунанд. Клинтон мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида ба таври рӯзафзун аз афзоиши нерӯи ҳарбии Эрон нигарон аст. Ба қавли вазири умури хориҷии Амрико, ин ҳол бисёриҳоро дар дохили кишвар низ нигарон кардааст. Клинтон изҳори умедворӣ кард, ки эрониҳо роҳеро барои раҳоӣ аз ин шӯридагии ҳарбӣ пайдо хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG