Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз интихоботи Афғонистон


Ба рағми хушунатҳо дар рӯзи интихобот дар Афғонистон , ин интихобот бо истиқболи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамроҳ будааст. Созмони Миллали Муттаҳид ва нерӯҳои Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ бо судури баёнияҳое, ҳузури мардуми Афғонистон дар пои сардуқҳои раъйро сутудаанд.

Бон Ки Мун, сармуншии СММ, интихоботи рӯзи шанбе дар ин кишварро сутуда ва аз шуҷоъат ва азми раъйдиҳандагон дар ин кишвар ситоиш карда аст.

Ҷомеъи ҷаҳонӣ Афғонистонро танҳо нахоҳад гузошт

Бон Ки Мун бо интишори эъломия хотирнишон сохт, ки интихобот бо вуҷуди чолишҳои қобили мулоҳизаи амниятӣ баргузор шуд ва гуфтааст, ҳодисаҳои хушунатомезро маҳкум мекунад.

Дар эъломияи сармуншии СММ, ҳамчунин аз раҳбарӣ ва кормандони комисияи мустақили интихобот ва комисияи шикоёти нтихоботӣ қадрдонӣ карда аст.

Бон Ки Мун аз тамоми тарафҳои хостааст, ки барои дарҷи шикоёташон аз маҷроҳои қонунӣ истифода кунанд ва ҳамчунин аз онҳо тақозо кард то замони такмили ҷараён, тибқи қонун аз сабр кор бигиранд.

Ба дунболи он, ки раъйдиҳандагон пои сандуқҳои раъйдиҳӣ рафтанд, Андерс Фог Расмуссан- сармуншии НАТО ба идомаи ҳимояти ин паймон аз Афғонистон таъкид кард.

Расмуссан дар як баёнияе, ки дар Брюксел интишор ёфт ба райъ диҳандагон дар ин интихобот, ки бо вуҷуди таҳдиди хушунат пои сандуқҳои раъй рафтанд ибрози эҳтиром карда гуфтааст, дар ҳоле мардуми Афғонистон барои эҷоди як ояндаи дурахшон талош мекунанд, НАТО ба талошҳои худ дар Афғонистон идома хоҳад дод.

Талошҳои нокоми Толибон

Сафорати ИМА дар Кобул низ бо интишори эъломия, баргузории интихоботи Вулуси Ҷиргаро таҳти шароити душвор ба мардуми Афғонистон табрик гуфтааст.

Дар ин эъломия омадааст қароре, ки таваққуъ мерафт Толибон ҳама талоши худро ба харҷ доданд то бо хушунат ва тарсонидани мардум, ин рӯзи муҳимро ноором кунанд, аммо афғонҳое, ки пои сардуқҳои раъй рафтанд дар баробари онҳо муқовимат нишон доданд.

Сафорати ИМА ҳамчунин гуфтааст, ки натоиҷ ва кайфияти ин интихобот то ҳанӯз рӯшан нест ва ИМ аз кори ниҳодҳои интихоботӣ дар ҳафтаи оянда ба шумули анҷоми тадобир ҷиҳати шиносоии мавориди тақаллуб ҳимоят мекунад.

Вазири хориҷаи Канада низ хушунатҳо дар рӯзи инихоботро кори буздилона хонда ва гуфтааст, ки ин хушунатҳо наметавонад талошҳо барои эҷоди як ҷомеъи амнтар ва демократиро дар Афғонистон барҳам бизанад.

Ҳамчунин вазири хориҷаи Олмон Гайдо Вестервелло дар аксуламал ба интихоботи Афғонистон гуфт, ин инихобот беҳтар аз он чӣ баргузор шуд, ки бисёре аз мардум таваққуъ доштанд.

Вай дар шаҳри Бонн гуфт, шуҷоъати касонерои, ки дар ин шароити душвор дар интихоботи иштирок кардаанд тақдир мекунад. Аммо вай гуфт ҳанӯз ирояи як баррасии муфассал аз ин интихобот зуд аст.

Вай низ ба навбати худ хушунатҳо дар рӯзи интихоботро маҳкум карда аст.
XS
SM
MD
LG