Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дунболагирӣ ва боздошти ду милисаи тоҷик ҳангоми фирор


Дар вилояти Хатлон ду корманди вазорати умури дохилӣ бо иттиҳоми ришваситонӣ ва берун пой ниҳодан аз ҳадди ваколатҳои хидматиашон боздошт шуданд. Намояндаи Оҷонсии зиддифасоди вилояти Хатлон Нозимҷон Қодиров ба Радиои Озодӣ гуфт, афсарони милисаи роҳ шаҳрвандеро бо тӯҳмат маҷбур намудааанд, ки ба онҳо барои ҷурме, ки содир накардааст, ришва диҳад. Як бахши ин ришва ситонида низ шудааст. Гумонбарон ҳангоми фирор дар марзи Узбакистон боздошт шудаанд ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати вилояти Хатлон мебошанд.
XS
SM
MD
LG