Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавзаҳои райъдиҳӣ дар Афғонистон баста шуданд


Ҳавзаҳои раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонии Афғонистон кори худро ба итмом расонда, дарҳои хешро бастанд. Тамоми рӯз талошҳои зиёде аз тарафи ситезаҷӯён сурат гирифт, то интихобот ба ҳам зада шавад. Бино бар хабарҳо дар даргириҳо ва таркиши мушакҳо дар Бағлон, Нангарҳор, Тахор, Кунар, Ғазнӣ, Ҳирот ва вилоятҳои дигари Афғонистон ба сурати умум 10 нафар кушта шудаанд. Ҳамзамон аз як силсила тақаллуб ва хилофкориҳо дар ҷараёни овоздиҳӣ гузориш шудааст. Як нозири интихоботӣ, Муҳаммад Фавод низ аз ба зудӣ пок шудани ранг дар ангушти раъйдиҳандагон эътироз кард ва онро як имконияти раъйдиҳии такрорӣ номид. Наздик ба дуним ҳазор номзад дар 34 вилояти Афғонистон барои 249 курсии Вулуси Ҷирга ё палатаи поёнии порлумон мавриди гузиниши раъйдиҳандагон қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG