Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Афғонистон дар моварои хушунатҳо


Рӯзи интихобот дар Афғонистон, бино бар хабарҳо яке аз рӯзҳои душвор ва пур аз инфиҷору даргирӣ буд. Дар ҳоле ки дар Афғонистон интихоботи порлумонӣ идома дорад, аз ҳалокати 10 нафар дар ҷараёни он хабар мерасад. Субҳи рӯз аз инфиҷоре дар қитъаи раъйдиҳӣ дар вилояти шарқии Хост ду нозири интихобот захмӣ шуд.

Ошӯбгарон дар вилояти шимолии Бағлон ба нерӯҳое, ки амнияти интихоботро таъмин мекарданд, ҳамла оварданд ва дар ҷараёни он шаш сарбози нерӯҳои амниятии давлат кушта шуданд.

Мушакҳое, ки аз кӯҳҳои атроф ва фосилаҳои дур аз тарафи толибҳо партоб шуданд, дар Кобулу Бадахшону Тахор ва Кунару Кундузу Нангарҳор мунфаҷир шуданд. Яке аз онҳо дар наздикии сафорати Иёлоти Муттаҳида ва ситоди НАТО дар Кобул фуруд омад. Аз таркиши мушак дар вилояти шарқии Нангарҳор ду нафар кушта ва як тан захмӣ шудааст. Таркишҳо дар Ҳирот низ садо додаанд.

Election Ink Raises Concerns In Afghanistan
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:29 0:00


Мақомоти Кобул: Вазъ қаноатбахш аст

Аммо, зоҳиран, ин ҳамлаҳо ба рафти интихоботи порлумонӣ таъсири зиёд надоштанд. Ҳатто дар Қандаҳор, ки сокинонаш беш аз ҳама ҳарос доштанд, рӯзи интихобот барояшон як рӯзи хунине хоҳад шуд. Волии Қандаҳор Турёлай Висо дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ вазъи амниятӣ ва ширкати мардумро дар интихобот қаноатбахш номид. Ӯ гуфт, фазои раъйдиҳӣ низ орому озод аст.

Дар Кобул, Сайидаҳмад Ҷамоли Мубориз бо ду писараш ба раъйдиҳӣ омада буд. Вай изҳори эътимод кард, ки интихобот ватанашро ба ояндаи беҳтаре раҳнамун хоҳад кард: "Яқинан, як раъй метавонад сарнавишти кулли мамлакатро тағйир диҳад. Агар воқеан ҳукумат бар мабнои орои мардум шакл бигирад."

Нахустин шикоятҳо аз раванди интихобот

Аммо фазои ороми дохили ҳавзаҳои раъдийҳиро ба гузориши хабарнигорони Радиои Озодӣ гоҳе шикоятҳо ба ҳам задаанд. Бархе аз раъйдиҳандагон бо садои баланд мегуфтанд, ранге, ки барои нишона кардани ангушти афроди раъйдода истифода мешавад, ба осонӣ пок мегардад. Яке аз онҳо - Туралай мегӯяд:

"Мушкил дар ин аст, ки баъд аз раъйдиҳӣ ман ангуштамро ранг кардам, вале ба зудӣ он пок шуд. На танҳо ман, балки бисёре аз дигарон низ мегӯянд, ранг зуд меравад. Гузашта аз ин дар ҳавзаи раъйдиҳӣ ҷиҳозе барои сӯрохгузорӣ дар корти раъйдиҳанда надоранд, бо қайчӣ кор мекунанд."


Вале интихобкунандагони дигар гуфтанд, ранги ангуштони онҳо ғайри қобили пок шудан аст. Ҳам ин ранг ва ҳам корти раъйдиҳанда аз абзоре мебошанд, ки қарор аст, аз ширкати такрорӣ дар интихобот пешгирӣ кунанд. Нозирони интихоботӣ хабар додаанд, ки дар манотиқи гуногун ҳазорон нусха аз кортҳои тақаллубии чопи Покистонро кашф ва мусодира кардаанд.

1000 ҳавза баста боқӣ мемонад

Наздик ба дуним ҳазор номзад, аз ҷумла 386 зан, дар 34 вилояти Афғонистон барои 249 курсии Вулуси Ҷирга ё палатаи поёнии порлумон мавриди гузиниши раъйдиҳандагон қарор гирифтаанд.

Аммо дар бархе аз минтақаҳо бино бар бад будани вазъи амниятӣ интихобот баргузор намешавад. Аз қариб 7 000 ҳавзаи раъйдиҳӣ зиёда аз 1000 ҳавза баста боқӣ мондаанд. Аммо боз ҳам бино бар вазъи амниятӣ нозирони мустақил ва намояндагони матбуот натавонистаанд, ҷараёни раъйдиҳӣ дар бархе аз ҳавзаҳои бозро низ ба мушоҳида гиранд. Ин ҳолат то куҷо озод ва одилона будани интихоботро зери суол қарор додааст.

Afghan Women Go To The Polls
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00


"Амният нигаронии асосист”

Ҷондод Спинғар, мудири иҷроии Бунёди интихоботи озод ва одилонаи Афғонистон, бузургтарин нозири дохилии интихобот, ба Радиои Озодӣ гуфт:

"Амният нигаронии асосист. Дар ҷойҳое, ки вазъи амниятӣ ба андозаи кофӣ хуб нест, Кумиссиюни интихоботӣ бетарафии ҳайатҳои худро назорат карда наметавонад. Ва чунин ҳолат тиақаллубу хилофкориҳои гуногунро имконпазир мегардонад."

Натиҷаҳои ибтидоии интихоботи порлумонии Афғонистон то рӯзи 8-уми октябр маълум нахоҳанд шуд ва натиҷаҳои ниҳоӣ қарор аст, моҳи ноябр эълон шаванд.
XS
SM
MD
LG