Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи дин чопи китобҳоро таҳти назар мегирад


Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дин

Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дин

Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ба ҷуз ин ниҳоди давлатӣ дар умури дин ҳич ниҳоди дигаре ҳақ надорад, ки барои чопу фурӯши адабиёти мазҳабӣ иҷоза бидиҳад. То ин дам Шӯрои уламои дини Тоҷикистон низ чунин “вазифа”-ро иҷро мекард.

Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз чопу тавзеъи ғайриқонунии адабиёти динӣ дар кишвар тарҳи ислоҳот ба кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ба ҳукумат пешниҳод кардааст. Дар сурати тасдиқ шуданаш ин тарҳ барои тасвиб ба Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон, фиристода хоҳад шуд.

1000 доллар ҷарима барои чопи китобҳои «беиҷоза»

Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дин, ки дар ҳамоише дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, ин пешнависи ислоҳот барои онҳое, ки бидуни риояти қонуни дин, яъне бе ташхис ва мувофиқа бо Кумитаи дин китобҳои мазҳабиро чоп, содир ва ворид мекунанду мефурӯшанд, аз 200 то 1000 доллар ҷарима пешбинӣ кардааст.

Дар сурати такрор ёфтани нақзи қонун аз тарафи шаҳрвандон ин ҷаримаҳо ду баробар афзоиш пайдо хоҳанд кард.

Оқои Мухторов ҳамчунин гуфт, бо вуҷуди ин ки онҳо бо масъулони нашриёти кишвар дар ин бора қаблан сӯҳбатҳо анҷом додаанд, вале ҳанӯз чопхонаҳо бидуни нишон додани теъдоди нашр ва ҳамчунин бидуни мувофиқа бо Кумитаи дин адабиёти мазҳабиро ба чоп мерасонанд. Ҳоло як феҳристи, ба гуфтаи Мавлон Мухторов, «чопхонаҳои хилофкор» ба мақомоти қудратӣ ироа шудааст.

Дар ин сӯҳбаташ муовини раиси Кумтитаи дин ҳамчунин дар бораи натиҷаи рейд ё санҷишҳои ин кумита бо намояндагони Тоҷиккино, Кумитаи андоз ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ сӯҳбат кард. Вай гуфт, аксари фурӯшгоҳҳое, ки дар Душанбе адабиёти динӣ мефурӯшанд, ба ҷуз маълумотномаи шӯрои уламо иҷозаномаи кадом ниҳоди расмии давлатиро надоштаанд.


Ихтилофот бо қонуни дин

Ин тасмими Кумитаи дин, ниҳоди расмии давлат дар умури дин, ки дар оғози соли ҷорӣ дубора ташкил ёфтааст, чӣ буда метавонад? Оё давлат мехоҳад аз ин роҳ пеши ақоиди мухталиферо бигирад, ки тавассути адабиёти мухталифи динӣ дар кишвар эҳтимоли бурузашон ҳаст ё ин тасмим фақат эҷоди мавонеъ барои он донишмандонест, ки андеша доранду пайваста дар масоили муҳими динӣ китобҳои худро ба табъ мерасонанд?

Зафари Суфӣ, сардабири ҳафтаномаи «Озодагон» мегӯяд, ин тасмими Кумитаи дин дар замоне, ки зоҳиран бархӯрди мақомот бо диндорон шакли дигар гирифтааст, камтар аз сензура буда наметавонад.

Ин дар ҳолест, ки қонуни дини Тоҷикистон ҳам ҳаққи истеҳсол ва табъу нашри китобҳои диниро танҳо ба иттиҳодияҳои динӣ, яъне масҷидҳои ҷомеи марказӣ, мадрасаҳо, ҷамоатхонаи марказӣ, маркази исломии ҷумҳуриявӣ ва калисоҳову куништи яҳудиён додааст.

Аммо нигаронии мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон танҳо ин набудааст, ки чопхонаҳои кишвар бидуни иҷозаи ин ниҳоди расмӣ адабиёти диниро чоп мекунанд, балки ин кумита аз фурӯши адабиёте ҳам нигарон аст, ки аз Покистону Афғонистон ва ҳамчунин Эрону Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

Мусодираи китобҳои «бегона»

Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дин, гуфт, танҳо дар пайи як санҷиш дар маркази фурӯши «Олами ислом» дар бозори Саховати шаҳри Душанбе сад номгӯйи адабиёти диниро мусодира кардаанд, ки аз хориҷ оварда шудаанд ва барои фурӯш иҷозанома надоранд.

Дар зимн, мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки то шаш моҳи пеш идораи умури дин дар ихтиёри ин вазорат буд, мегӯянд, ки ҳоло бештар аз 40 номгуйи адабиёти диниро аз фурӯшгоҳҳои кишвар мусодира ва барои ташхис ба Кумитаи дин пешниҳод кардаанд.

Садрӣ Умар, масъули раёсати табъу нашри вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ҳангоми тафтиш онҳо ошкор кардаанд, ки дар китобфурӯшиҳои кишвар на танҳо китобҳои мазҳабие ба фурӯш гузошта мешаванд, ки сифати доранд, балки хилофи қонунҳои Тоҷикистонанд.

Вале дар ҳамин ҳол, як гурӯҳи фурӯшандаҳои китобҳои динӣ дар Душанбе аз он нигароннад, ки бо вуҷуди хоҳишҳои батакрори онҳо ҳанӯз мақомот муайян накараданд, ки бояд кадом китобҳои динӣ фурӯхта шавад ва кадоме не.

Бо ин вуҷуд, бархе аз коршиносон мегӯянд, дар ин замони фанновариҳо пеши роҳи таблиғоти диниро гирифтан кори чанд соддае ҳам нест. Онҳо мегӯянд, агар барои чопи китобҳои динӣ дар дохили кишвар монеаҳо эчод шавад ва нагузоранд, ки адабиёти динӣ аз хориҷ ворид гардад, вале садҳо номгуйи китобҳои диние ҳастанд, ки дар вебсайту веблогҳои мухталиф дар интернет барои мардум бо хатти сириллик дастрасанд.

Ин мавзӯи баҳси шумораи тозаи Ойини мадорост, ки ин ҷо бишнавед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG