Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Лаҳистон Аҳмад Закаевро озод кард


Додгоҳи Лаҳистон ё Полша мегӯянд, ба Аҳмад Закаев, намояндаи ҷудоихоҳони чечен суоле надоранд ва ӯ метавонад, озодона дар Лаҳистон ба сар барад. Ин дар ҳолест, ки дирӯз, полиси Лаҳистон Закаевро зимни иттиҳомоти терроризм, ки Русия бар дӯши ӯ гузоштааст, боздошт карда буд. Додгоҳ мегӯяд, ҳеҷ маҳдудияте барои сафари Закаев таъин накардааст. Додситонҳо метавонанд, дар 7 рӯзи оянда аз ин ҳукм шикоят баранд. Додгоҳ гуфтааст, ҳукми он ба паноҳандагии сиёсии Закаев такия дорад, ки дар соли 2003 аз тарафи Бритониё, шарики Лаҳистон дар Иттиҳоди Аврупо дода шудааст. Узви пешини ҳукумати Чеченистон, Аҳмад Закаев, ки барои ширкат дар анҷумани ҷаҳонии чеченҳо ба Варшава сафар карда буд, аз тарафи Русия дар куштор, одамрабоӣ ва терроризм дар робита ба ҷанги Русия дар Чеченистон дар солҳои 1990 айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG