Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти се гумонбар ба таркиши Хуҷанд иттилоъ дод. Маркази равобит ҷамъиятии раёсати амнияти вилояти Суғд зимни пахши як баёния гуфтааст, ба хотири халал ворид накардан ба тафтишот исми ин афрод ошкор намешавад.

Ишораи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба он ки ба хотири халал ворид накардан ба ҷараёни таҳқиқ номи боздоштшудагон ифшо намешавад, ба қавли коршиносон, суоли зиёдеро дар робита ба аввалин ҳамлаи интиҳорӣ дар қаламрави кишвар ба миён овардааст.

Норӯшаниҳои иттилооти расмӣ

Нозирони маҳаллӣ мегӯянд, норӯшаниҳои иттилооти расмӣ лоақал дар бораи макони боздошти гумонбарон ва пайванди онҳо ба гурӯҳу созмони муайян аҳамияти ин баёнияи мақомотро ба маротиб коҳиш медиҳад. Ин ҳам дар ҳоле ки қаблан мақомот аз эҳтимоли даст доштани сокинони ноҳияи Исфара ва аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар ин таркиш сӯҳбат мекарданд ва ҳам як гурӯҳи то ин вақт номаълуми Ҷамотаи Ансоруллоҳ дар номаи электроние масъулияти таркишро бар ӯҳда гирифтааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни як баёния ҳодисаи таркиш дар Хуҷандро эҳтимолан кори дасти ҳаммаслакони гумонбаршудагон ба куштори раиси собиқи бозори Исфара Ҳомидҷон Каримов, ки шояд узви Ҳаракати исломии Ӯзбакистон бошанд, унвон кард.

Мақомоти вилояти Суғд 4 ҳамдеҳаи Ҳомидҷон Каримов аз деҳаи Сурхи ноҳияи Исфараро омили ин куштор хонда буданд, ки ду нафар онҳо - Раҳимбой Раҳимов ва Фозил Комилов таҳти пайгард қарор доранд.

Мақомоти расмӣ аз мавҷудияти ин афрод дар миёни омилони таркиши Хуҷанд сӯҳбат накардаанд.

Тайи солҳои ахир даҳҳо нафар дар Тоҷикистон бо иттиҳоми рабт доштан бо Ҳаракати исломии Узбакистон маҳкум ба зиндон шудаанд
Изи Ҳаракати исломии Ӯзбакистон


Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, тайи чанд соли ахир сокинони Исфара ва узвияти онҳо ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар ахбори расмӣ зиёд зикр мешавад. Аз ҷумла ду нафар - Абдураҳим Умаров ва Абдураҳмон Ваҳҳобов, ки дар Майхӯраи Варзоб ҳангоми даргирӣ бо нерӯҳои давлатӣ кушта шуданд, сокини Исфара ва узви Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон эълом шуданд.

Дар қатори 25 фирорӣ аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Баҳром Орифҷонов, зодаи шаҳри Исфара низ ҳаст, ки бо ҷурми узвият ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон зиндонӣ шудааст.

Бобоҷон Икромов, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, дар замони Шӯравӣ Исфара шаҳри санъатии Тоҷикистон унвон мешуд ва дар ин шаҳр 31 корхона фаъол буданд. Вай афзуд, гароиши ҷавонони ин ноҳия ба созмонҳои тундгарову террористӣ ба замони бозсозӣ ва истиқлол рост меояд:

«Чун дигар манотиқи кӯҳистон мардуми Исфара ҳам аз бекориву фақр осебпазиранд. Он 31 корхонае, ки ҳудуди 30 ҳазор нафарро бо кор таъмин мекарданд, ҳоло фаъолият надоранд. Дар қиёс бо замони Шӯравӣ мактабҳо фалаҷ шудаанд. Албатта, аз таҳаввулоти ахир дар Тоҷикистону минтақа дар охири қарни 20 ва аввали қарни равон бачаҳои Исфара берун намонданд ва ба созмону гурӯҳҳои террористиву тундгаро, аз қабили Ҳизби таҳриру Ҳаракати исломии Ӯзбакистон пайвастанд»

Ансоруллоҳ – бозигари нав дар минтақа?

Дар ҳамин ҳол, аз 17 ноҳияи вилояти Суғд бештар номи Исфара дар ахбори марбут ба созмонҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон зикр мешавад. Қаблан ба ҷуз Ҳизби таҳриру Ҳаракати исломии Ӯзбакистон аз боздошти аъзои як созмони номаълуме ба номи Байъат низ дар Исфара иттилоъи расмӣ пахш шуда буд. Аммо то куҷо ба Ансоруллоҳ, созмони номаълуме, ки таркиши Хучандро ба зимма гирифт, исфарагиҳо рабт доранд, иттилое нест.

Ин нукта ҳам гуфта мешавад, ки таркиш дар Хуҷанд ҳарфҳо дар бораи фаъолшавии Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, ки низ аз водии Фарғона сар задааст, бештар кардаанд. Онҳо мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд гумонбарон ба созмони таркиши Хуҷанд узви Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва сокини Исфара эълон хоҳанд шуд.

Аммо Неъматулло Мирсаидов, коршинос дар вилояти Суғд мегӯяд, қаблан боздоштҳое сурат гирифтаанд, ки ба дунболи онҳо афроди боздоштшуда ҳангоми бозпурсӣ ба иттиҳомоти расмӣ иқрор кардаанд:

«Аксар вақт сохторҳои қудратӣ агар ҷинояткорро наёбанд ҳам мо ёфтем, гуфта, баъзан одамони бегуноҳро ба ҷавобгарӣ мекашанд, ки ин ҳам то як дараҷа эътибори ноҳияи Исфара ва мардумашро мекоҳад».

Оқои Мирсаидов мегӯяд, дар ҳоле ки шахсияти сарнишини мошине, ки дар назди шӯъбаи мубориза бар ҷиноятҳои созмонёфтаи Суғд таркид, эълом нашудааст, сӯҳбат аз созмондиҳандагони эҳтимолии таркиш низ суолангез аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG