Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Аҳмадинажод бо раҳбари Сурия дар Димишқ


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод бо раҳбари Сурия, Башор ал-Асад дар Димишқ дидору гуфтушунид кард. Мулоқот дар ҳоле сурат гирифт, ки ду рӯз пеш Асад бо фиристодаи Иёлоти Муттаҳида эҳтимоли эҳёи гуфтугӯ бо Исроилро баррасӣ кард. Сафари ахири Аҳмадинажод ба Сурия, дар моҳи феврал, баъд аз он баргузор гашт, ки вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон, дар Вошингтон гуфт, умедвор аст, Сурияро дур аз Эрон бубинад. Аҳмадинажод аз Димишқ ба Алҷазоир ва сипас Ню Йорк сафар мекунад. Вай қарор аст, дар Маҷмаи умумии Созмони Милал ширкат кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG