Пайвандҳои дастрасӣ

Фаронса аз фурӯши киштиҳои ҳарбӣ ба Русия ҳимоят кард


Вазири дифои Фаронса аз эҳтимоли фурӯши киштии ҳарбии чархболбар ба Русия ҳимоят кард ва нигарониҳоро, ки ин муомила ба амнияти Гурҷистон зарба мезанад, рад намуд. Бархе аз ҳампаймонҳои Фаронса дар НАТО гуфтаанд, чунин киштии дорои фанновариҳои навро Русия метавонад ба муқобили ҳамсоягони хурди худ истифода кунад. Дар суханронияш дар Созмони Милал, дар Ню Йорк, рӯзи ҷумъа, вазири дифои Фаронса, Ҳерве Морин гуфт, Русия дигар Иттиҳоди Шӯравӣ нест ва фурӯши киштиҳои навъи "Мистрал" тавозуни ҳарбӣ ва вазъи стратегиро дар байни Русия ва Гурҷистон тағйир нахоҳад дод. Вай ин нигарониҳоро "ғайриҷиддӣ" шумурд ва гуфт, беҳтар аст, бо Русия дар масъалаҳои низомӣ ва амниятӣ вориди муколама шуд.
XS
SM
MD
LG