Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо дар рӯзи савуми сафари поп ба Лондон


Попи Рум, Бенедикт рӯзи савуми сафари худро дар Бритониё аз мулоқот бо сарвазири ин кишвар Дейвид Камерон шурӯъ кард. Попи 83-сола ҳамчунин қарор аст, намози ид дар Калисои романию католикии Вестминстерро сарварӣ кунад. Ҳамчунин як ҳамоиши дигар ӯро дар ҳавои кушоди Ҳайд Порки Лондон интизор аст. Ин ҳамоишҳо дар ҳоле ҷараён мегиранд, ки шаш нафар бо иттиҳоми таҳияи сӯиқасд ба ҷони поп боздошт шудаанд. Ҳамчунин ҳазорон нафар бо эътироз аз моҷароҳои суистифодаи ҷинсӣ дар калисои католикӣ, мавзеъгириии калисо дар баробари сақти ҷанин ё фигона, ҳуқуқи ҳамҷинсбозон ва роҳибони зан дар маркази Лондон гирдиҳамоӣ созмон додаанд. Мақомоти Ватикон мегӯянд, ин тазоҳурот ва нақшаи суиқасд ба барномаи сафари поп таъсир накардаанд.
XS
SM
MD
LG