Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тӯфони харобиовар дар Бруклини Ню Йорк


Тӯфони шадиде дар минтақаи Бруклини шаҳри Ню Йорк дар Амрико як нафарро ба ҳалокат расонда, садҳо манзили зистро вайрон кардааст. Гуфта мешавад, суръати бод дар ин ҳодиса ба 200 метр расида, боми хонаҳо, хатҳои барқ ва дарахтонро кандаву вожгун кардааст. Фурӯафтии як дарахт ба рӯи мошин, занеро, ки андарнуи он будааст, ба ҳалокат расондааст. Ин ҳамагӣ нуҳумин ё даҳумин тӯфон ё торнадо мебошад, ки аз соли 1950 ба ин сӯ дар Ню Йорк иттифоқ афтодааст.
XS
SM
MD
LG