Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 5 гумонбар ба сӯъиқасд ба попи Рум


Мақомоти Бритониё дар рӯзи дуввуми сафари чоррӯзаи попи Рум ба ин кишвар хабар доданд, ки 5 нафарро бо гумони таҳдид ба Бенедикти 16 боздошт кардаанд. Ин боздоштҳо дар Лондон дар пайи дарёфти иттилоъ дар мавриди вуҷуди чунин як таҳдид аз сӯи ниҳодҳои зиддитеррористӣ сурат гирифтааст.
Ҳамаи боздоштшудагон дар Вестминстер ба ҳайси роҳрӯб кор мекарданд, вале ҳеҷ кадоми онҳо бритониёӣ набудааст.
Попи Рум рӯзи ҷумъа ба хотири беҳбуди равобит байни калисои католикӣ ва калисои протестантии Инглистон бо асқафи калисои Кантерберрӣ мулоқот мекунад. Ин нахустин сафари давлатии попи Рум ба Бритониёст.
XS
SM
MD
LG