Пайвандҳои дастрасӣ

Саводнокии модарон сабаби коҳиши қобили мулоҳизаи маргумири кӯдакон дар ҷаҳон шудааст. Дар муқоиса бо соли 1990 соли 2009 ҳодисаҳои то синни хатарноки панҷсола ба ҳалокат расидани кӯдакон хеле коҳиш ёфта, аз 12,4 миллион ба 8,1 миллион адад расидааст.

Таҳқиқоти СММ мегӯяд, саводи модар ба таври мустақим ба вазъи сиҳҳатии кӯдакон таъсир мегузорад. Таҳқиқоти маҷаллаи тиббии «Lancet» ҳокист, ки яке аз сабабҳои аслии коҳиши чашмраси маргумири кӯдакон дар 40 соли ахир афзоиши шумори модарони босавод аст.

Донишмандони донишгоҳи мутолеоти тиббии Вашингтон мегӯянд, саводнокии зан барои дарки тадбирҳои ҷилавгирӣ аз беморӣ, мисли воксинзании кӯдак, ҳимояи тифл аз ҳамлаи ҳашароти зараровар, мусоидат мекунад. Онҳо мегӯянд, модари босавод сари вақт бо тифли маризаш ба духтур муроҷиат карда, гуфтаҳои духтурро муназзам риоя мекунад. Ингуна модарон ҳамеша дар андешаи ғизои солиму оби пок барои кӯдакон ҳастанд ва қоидаҳои тозагиро риоя мекунанд.

Ғизои солим гарави саломатист


Масъулини таҳқиқоти мазкур ҳамчунин мегӯянд, ки сиҳҳатии кӯдак ҳамчунин ба ғизову даромади молии волидон вобастагии қавӣ дорад. Мутахассиси сиҳҳатии кӯдак дар Амрико Ол Баартлет дар сӯҳбат бо Washington Post гуфтааст, он ки дар бист соли охир имкони наҷоти ҷони 4,2 миллион кӯдак дар ҷаҳон ба шарофати ин тадбирҳо имконпазир шудааст, хурсандиовар аст.

Ӯ мегӯяд, ҳарчанд натиҷаҳои таҳқиқот ҳайратовар нест, вале таъсирбахш аст, зеро ин таҳқиқот аҳамияти таҳсили занонро аён кардааст. Вай афзуд, ин омор зарурати сармоягузорӣ ба таҳсили духтарҳоро собит мекунад.

Таҳқиқот мегӯяд, ки кишварҳои Бразилия, Мексика, Чину Индонезӣ бо боло бурдани сатҳи саводнокии духтарон ба пешрафти зиёд даст ёфтаанд, дар ҳоле, ки Афғонистон, Чад, Яман ва баъзе кишварҳои африқоӣ баръакс дар амри саводнокии занҳо камбудиҳои зиёд доранд.

Мизони маргумири кӯдакон дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳам дар солҳои охир коҳиши қобили мулоҳизаи маргумири атфол мушоҳида мешавад. Агар соли 1990 аз ҳар ҳазор тифли то панҷсола 117 нафар ҷон дода бошанд, соли 2009 ин шумор 61 нафарро ташкил додааст. Мизони марги атфоли навзод ингуна аст, ки агар соли 1990 аз ҳар ҳазор ҳодиса 91 маврид ба қайд расида бошад, соли гузашта ин шумор 52 мавридро ташкил додааст.

Вале тавре коршиносони бетараф мегӯянд, гоҳҳо мавридҳои пинҳон доштани ҳодисаҳои воқеии маргумири кӯдакон дар Тоҷикистон низ ба назар мерасад. Онҳо меафзоянд, зимистони шадиди солҳои 2007-2008 дар таваллудхонаҳои Тоҷикистон даҳҳо тифли навзод бар асари сардиву бебарқӣ ҷон додаанд.

Табибони тоҷик мегӯянд, модари босавод гарави сиҳҳатии на фақат худу фарзандон, балки тамоми хонавода ҳисоб мешавад. Ҳарчанд солҳои охир бо дуршавии торафти духтарҳо аз таҳсил, бахусус дар деҳот ва болоравии мизони нодорӣ хатари торафт бесавод шудани шумори зиёди занон вуҷуд дорад.


Беморӣ аз нодорӣ


Аммо аз нигоҳи як духтури бемориҳои дил Саодат Камолова, дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон на фақат камсаводӣ, балки нодориву ниёзмандии мардум сабаби ҷиддии гирифтории кӯдакон ба бемориҳои мухталиф мешавад.

Дар ҳамин ҳол, як модари ҷавон бо номи Дилошӯб, ки соҳиби ду фарзанди хурдсол аст, мутмаин аст, ки бисёр чиз дар тарбияву сиҳҳатии кӯдак аз модар вобаста аст. Вай мегӯяд, ҳамеша талош кардааст модари хубу ғамхоре бошад ва дар сурати пеш омадани мушкили сиҳҳатӣ нахуст фарзандашро аз муоинаи духтур гузарондааст.

Коршиносон мегӯянд, солҳои охир бо сабабҳои рӯ ба таҳсилоти мазҳабӣ овардани духтарҳо ва таҳти таъсири ақоиди динӣ мондани ҷомеа шумори қобили мулоҳизаи волидон духтарҳои худро таҳсил бозмедоранд. Ин тамоюл метавонад дар оянда на фақат барои хонаводаҳо, балки барои миллат паёмадҳои ногувор хоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG