Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дандон, ки бирехт, лаззати умр гузашт


Дар Тоҷикистон аксари мардум дандонҳои сунъӣ доранд. Мардум дандонҳои тилло, садаф, хула ва аз ҳар навъ металҳои дигарро маъмулан ба хотири зебоӣ ва ба ҷои дандонҳои мариз иваз мекунанд. Агар як сабаби аслии бартарият додани мардум ба дандонҳои сунъӣ, камтаваҷҷӯҳи ба нигоҳубини дандон бошад, иллати дигар адами шароит низ унвон мешавад.

Дар шароити махсусан деҳоти Тоҷикистон, ки маъмулан мардум мушкили дастрасӣ ба оби гарм, ҳатто оби хунук доранд, таваҷҷӯҳ ба нигоҳубин ва сиҳатии дандонҳо зиёд ба назар намерасад.

Аммо чунин афроди бетаваҷҷӯҳ ба сиҳатӣ, пас хуруҷи дарди ҷонкоҳи дандон иҷборан роҳ ба сӯи дандонпизишк мегиранд. Маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» дар ин шумора иллати бетаваҷҷӯҳи ба нигоҳубин ва сиҳатии дандонро аз худи мардум ва дандонпизишкон пурсид:

Дандон, ки бирехт лаззати умр бирафт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:51 0:00
XS
SM
MD
LG