Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти раҳбари ҷудоихоҳони чечен дар Варшава


Аҳмад Закаев, раҳбари ҷудоихоҳони чечен

Аҳмад Закаев, раҳбари ҷудоихоҳони чечен

Пулиси Лаҳистон раҳбари ҷудоихоҳони чечен Аҳмад Закаевро бо дархости Русия дар Варшава боздошт кард. Шабакаҳои телевизионии ин кишвар лаҳзаи боздошт ва дар иҳотаи пулис қарор доштани Закаев ва тӯдаи хабарнигорон дар Варшаваро намоиш дод.

Адам Бровский, ёвари Аҳмад Закаев, гуфт, ки раҳбари ҷудоихоҳони Чечен дар роҳ ба сӯи додситонии Варшава боздошт шуд:

"Закаев худаш мехост ба додситонӣ ҳозир шавад. Ин набояд ҳамчун муваффақияти пулис маънидод шавад. Набояд гуфт, ки онҳо Закаевро боздошт карданд. Аммо аз ин иқдоми хайрхоҳонаи мо ҷилавгирӣ шуд."


Аммо сухангӯи пулиси Лаҳистон Мариутз Соколовский гуфт, амалкарди онҳо бар пояи дархости байналмилалӣ сурат гирифтааст. Онҳо муваззаф буданд, ки Закаевро боздошт кунанд ва идораи додситонии Варшава интиқол диҳанд. Соколовский афзуд, акнун додгоҳи Лаҳистон тасмим мегирад, ки Аҳмад Закаевро ба Русия бидиҳад, ё хайр.


Русия: “Закаев террористи байнулмилалист”

Раҳбари намояндагии ҳукумати Русия дар Қафқози Шимолӣ Александр Хлопинин рӯзи ҷумъа бори дигар бар истирдоди Закаев таъкид кард ва гуфт, "раҳбари ҷудоихоҳони Чечен "террористи байналмилалӣ" аст ва бояд дар Русия муҳокима шавад".

Аммо Доналд Туск, нахуствазири Лаҳистон, гуфт, дар мавриди ба даст овардани қарори хости дили худ, онҳо набояд сари додгоҳи Лаҳистон ҳисоб кунанд. Ҷаноби Туск зимни суханронӣ дар ҷаласаи Брюсел гуфт, ки "раванди истирдод, ҳануз истирдод нест." Ӯ ҳамчунин ба ҷонибдорони истиқлолияти Чеченистон ҳушдор дод, ки аз ҳама гуна таҳрикоти зидди Русия худдорӣ кунанд.

Аҳмад Закаев рӯзи панҷшанбе бо нияти ширкат дар конфронси дурӯзаи чеченҳо дар ғурбат вориди Лаҳисон шуд. Пулиси Лаҳистон қаблан ҳушдор дода буд, ки дар сурати ворид шудан ба Лаҳистон Закаев боздошт хоҳад шуд.

Закаев: Барои посух ба ҳар суол омодаам

Худи Аҳмад Закаев рӯзи панҷшанбе дар як сӯҳбати телефонӣ ба бахши Қафқози шимолии Радиои Озодӣ аз Варшава гуфт, ки ӯ "комилан қонунӣ аст" ва нияти пинҳон шудан аз мақомоти ин кишварро надорад. Закаев ҳамчунин гуфт, ӯ тавассути вакили худ ба мақомоти Лаҳистон пайғом додааст, ки барои посух ба ҳар суоли онҳо омодааст:

"Ман гумон намекунам, ки Русия иттилои тозаеро ба ҷониби Лаҳистон пешниҳод карда бошад. Ҳар иддаое, ки онҳо то ҳол доштанд, ду дафъа дар додгоҳҳоии Дания ва Британия баррасӣ шуд. Аммо агар мақомоти Лаҳистон баррасии ин суолҳо дар додгоҳи Лаҳистонро зарур шуморанд, ман ба ин гардиши таҳаввул низ омодаам."

Масиеҷ Кучавский аз додситонии кулли Лаҳистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вижагиҳои иттиҳом алайҳи Закаевро дар даст надорад. Ӯ медонад, ки Закаев дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад ва ба маъноест, ки баробари ворид шудан ба хоки Лаҳистон пулис ӯро боздошт мекунад ва ба идораи додситонӣ мебарад.

Нахуствазири “Давлати Ичкерия”


Русия аз соли 2002 ба ин тараф Закаевро бо иттиҳоми содир кардани ҷиноятҳо дар соли 1990, дар ҷараёни ҷанги байни ҷудоихоҳони чечен ва Русия дар пайгарди қонун қарор додааст.

Ба эътиқоди Маскав, конфронси дурӯзаи чеченҳои фирорӣ дар Лаҳистон вазъи Қафқозро дубора ноором мекунад.

Аҳмад Закаев дар гузашта ноиби нахуствазир ва ҳоло нахуствазири давлати эътирофнашудани Ичкерия аст. Ӯ як вақт сухангӯи президенти ҷудоихоҳони чечен Аслон Масҳадов буд, ки соли 2005 дар ҷараёни ҷанг бо Русия кушта шуд.

Аҳмад Закаев соли 2000 бо нияти табобати захмҳои ҷангии худ аз кишвар берун рафт, вале соли 2002 бо дархости Маскав дар Дания боздошт шуд. Ин кишвар даъвои истирдоди Закаев ба Русияро рад кард.

Дар авохири соли 2002 Закаев аз Дания ба Лондон кӯчид, вале боз бо дархости Русия боздошт шуд. Аммо додгоҳи Лондон дархости Маскав дар мавриди истирдодро рад кард ва моҳи ноябри соли 2003 Закаевро ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ пазируфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG