Пайвандҳои дастрасӣ

Дар арафаи интихоботи парламентии рӯзи 18 сентябр дар пойтахти Афғонистон чораҳои иловагии амниятӣ қабул шудаанд ва сокинони Кобул мегӯянд, ки сарфи назар аз таҳдидҳои Толибон онҳо худро ором ҳис мекунанд ва дар раъйдиҳӣ ширкат хоҳанд варзид.

Вале бо сабабҳои амниятӣ, тахминан даҳ дар сади ҳавзаҳои овоздиҳии манотиқи аксаран ҷанубӣ ва ҷанубу шарқии Афғонистон дар рӯзи интихобот боз нахоҳанд шуд.



Тадобири шадиди амниятӣ дар Кобул

Шаҳри Кобул дар рӯзҳои маъмулӣ ҳам бо ҳузури чашмраси нерӯҳои амниятӣ аз гӯшаҳои дигари Афғонистон фарқ дошт.

Дар ин рӯзҳо афсарони полису сарбозони артиши ин кишвар дар чорраҳаҳо ва биноҳои муҳими давлатӣ аз халтаҳои хок истеҳком бунёд намуда, посгоҳҳояшонро бо мошинҳои зиреҳпӯш тақвият бахшидаву дар кӯчаҳо корвонҳои низомӣ бо сарбозони мусаллаҳ рафту омад мекунанд.

Ҳамин тариқ, сарфи назар аз бомбгузориҳо ва ҳамлаҳои соли равон, дар ҳоли ҳозир Кобул яке аз амнтарин гӯшаҳои Афғонистон мебошад.

Аммо боз ҳам дар ду-се рӯзи ахир, яъне дар арафаи интихоботи парламентии 18-уми сентябр ташвиши сокинони Кобул афзоиш ёфтааст.

Кобулиҳо саъй доранд, камтар ба кӯча бароянд. Шоҳороҳҳои пойтахти Афғонистон, ки одатан саршор аз мошин мебошанд, ҳоло тақрибан холӣ ҳастанд.

Мудири яке аз фурӯшгоҳҳои маркази Кобул Ҳоҷӣ Муҳаммад Гул мегӯяд, дар рӯзи интихобот ӯ фақат ба ҳавзаи овоздиҳӣ мераваду халос.

Аммо мақомоти Афғонистон исрор меварзанд, ки онҳо ҳозиранд ба ҳар навъ ҳамлаи террористӣ муқовимат нишон диҳанд.

Соли гузашта дар арафаи интихоботи президентии моҳи август се толиби мусаллаҳ бинои яке аз бонкҳои давлатии Афғонистонро ишғол намуда, муддате биноро таҳти тасарруфи худ нигаҳ доштанд, вале сипас дар ҷои ҳодиса ба қатл расиданд.

Ҳамин гуна пеш аз интихоботи соли гузашта дар Кобул корвони сарбозони паймони НАТО ҳам мавриди ҳамла қарор гирифта буд.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон Земарай Баширӣ мегӯяд, ки полис дар ҳоли омодабош аст ва кобулиҳо набояд аз чизе нигарон бошанд.

"Мо дар Кобул полиси кофӣ дар ихтиёр дорем ва зарурати барои афзоиши шумораи онҳо нест. Ҳоло ба ваҷҳи умум, дар Кобул 15 ҳазор афсару сарбози полис аст, ки ҳамагӣ дар ҳоли омодабош буда, ҳақ надоранд то поёни марҳилаи интихобот макони хидматро тарк намоянд".

Рақобати сахт барои курсиҳои порлумонӣ

Бисёре аз сокинони Кобул аҳамияти интихоботро дарк мекунанд ва мегӯянд, ки сарфи назар аз нигарониҳои амниятӣ, дар овоздиҳӣ иштирок хоҳанд кард. Ато Муҳаммад яке аз онҳост.

Барои 33 курсии парламентӣ аз шаҳри Кобул, ки 3 миллион аҳолӣ дорад, 664 номзад мубориза мебаранд. Умуман барои 249 курсии Вулуси Ҷирга ё худ Маҷлиси Поёнии Шӯрои Миллии Ҷумҳури Исломии Афғонистон 2477 номзад сабт шудааст.

Дар рӯзи интихобот тамоми ҳавзаҳои Кобул боз хоҳанд буд, вале мансабдорони комиссияи марказии интихоботи Афғонистон гуфтанд, ки бо сабабҳои амниятӣ аз 6835 қитъаи интихоботии ин кишвар, рӯзи 18-уми сентябр камаш 1019 қитъаи овоздиҳӣ фаъол нахоҳанд буд.

Билохира пешбинӣ мешавад, ки натиҷаҳои пешакии интихоботи парламентии Афғонистон 8-уми октябр ва натиҷаҳои ниҳоӣ 30-уми октябр эълон хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG