Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагӣ ба эҳдоси ду нирӯгоҳ дар рӯдхонаи Аракс


То чанд ҳафтаи дигар Эрону Арманистон ба эҳдоси ду нирӯгоҳи бузург дар марзи миёни ин ду кишвар шурӯъ мекунанд. Вазири энержии Арманистон Армен Мовсесиён гуфт, ки ӯву ҳамтои эрониаш Маҷиди Номҷӯ расми ифтитоҳи сохтмони нирӯгоҳҳои ҷадид дар рӯдхонаи марзии Араксро билофосила баъд аз имзои қарордодаш дар Ереван баргузор хоҳанд кард.
Масъулияти эҳдоси ин нирӯгоҳҳо ба ширкати эронии “Фарад” вогузор шуда, саҳми фақат Арманистон дар бунёди ин ду нирӯгоҳ баробар ба 323 миллион доллар будааст.
XS
SM
MD
LG